Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Канада вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 6 сентябр бо вазири корҳои хориҷии Канада Марк Гарно суҳбати телефонӣ анҷом дод. Тавре Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рафти гуфтугӯ масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Канада, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Гуфта мешавад, ҷонибҳо роҷеъ ба […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 6 сентябр бо вазири корҳои хориҷии Канада Марк Гарно суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Тавре Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рафти гуфтугӯ масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Канада, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо роҷеъ ба вазъ дар Афғонистон табодули афкор намуда, ҷиҳати таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ дар қолабҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба мақсади таъмини амнияти минтақавӣ изҳори омодагӣ карданд.

Ёдрас мекунем, ки равобити дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Канада 1 январи соли 1992 роҳандозӣ шуданд. Сафоратхонаи Канада дар Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон амал мекунад.

Вохӯрии президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо 21 сентябри соли 2017 дар доираи кори иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ дар рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи дуҷониба дар тамоми соҳаҳо нақши муҳим бозид.

Ҷониби Канада ба лоиҳаи аз минаҳо поккорӣ намудани қаламрави Тоҷикистон маблағгузорӣ кард.

Ҳамкории Тоҷикистон бо Канада тавассути барномаҳои Агентии Канада оид ба рушди байнулмилалӣ (CIDA) рушд ёфта, бахши кишоварзӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифро дар бар мегиард. CIDA дар Тоҷикистон бо мусоидати Фонди Оғо-Хон фаъолият дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.