Caritas Internationalis ба Тоҷикистон дар барқарор намудани хонаҳои фурӯрафта кумак мекунад

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон 6 сентябр маросими имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни КҲФ ва Каритас Интернационалис дар ҶТр мавриди татбиқи лоиҳаи Каритас – расонидани ёрӣ ба зарардидагон аз бодлеси замин (эрозия), ки дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷомӣ рух дода буд, баргузор шуд. Тавре ки маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, муоҳадаро Раиси […]

Asia-Plus

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон 6 сентябр маросими имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни КҲФ ва Каритас Интернационалис дар ҶТр мавриди татбиқи лоиҳаи Каритас – расонидани ёрӣ ба зарардидагон аз бодлеси замин (эрозия), ки дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷомӣ рух дода буд, баргузор шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, муоҳадаро Раиси КҲФ генерал-полковник Рустам Назарзода ва директори  Каритас Интернационалис дар Тоҷикистон ҷаноби Ёрмуҳаммад Холов имзо карданд.

Ба иттилои манбаъ, мутобиқи санади имзошуда Caritas Internationalis ба 30 хонаводаи зарардидаи ноҳияи Ҷомӣ аз бодлеси замин (эрозия) барои беҳтар кардани шароити зист, таъмин бо оби нӯшокӣ, ҳолати беҳдоштӣ, ҳамчунин боло бурдани донишҳо ва малакаҳои сокинон дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ кумак дарёфт мекунанд.

Гуфта мешавад, қарор аст то моҳи феврали соли 2022 ин Созишнома амалан татбиқ шавад.

Ёдрас мекунем, ки 7 майи соли равон дар деҳаи Навободи ноҳияи Ҷомӣ бар асари боришоти шадид ва фурӯ рафтани қитъаи замин 15 нафар хонаводаҳои ин маҳал бесарпаноҳ монда, барои онҳо хаймаҳои муваққатии зист сохта шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.