АМА барои шаҳрвандони Тоҷикистон карантинро бекор кард

Кумитаи идораи ҳолатҳои фавқулода, буҳрон ва офатҳои табиӣ ва Раёсати фарҳангу сайёҳии Абу-Заби дар бораи бекор шудани карантини ҳатмӣ барои воришдшавандагон ба ин кишвар аз як қатор давлатҳо хабар дод. Мувофиқи изҳороти ин мақомот, хориҷиёне, ки ваксина гирифтаанду он аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ба қайд гирифта шудааст, аз 5 сентябр бидуни карантини ҳатмӣ […]

Asia-Plus

Кумитаи идораи ҳолатҳои фавқулода, буҳрон ва офатҳои табиӣ ва Раёсати фарҳангу сайёҳии Абу-Заби дар бораи бекор шудани карантини ҳатмӣ барои воришдшавандагон ба ин кишвар аз як қатор давлатҳо хабар дод.

Мувофиқи изҳороти ин мақомот, хориҷиёне, ки ваксина гирифтаанду он аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ба қайд гирифта шудааст, аз 5 сентябр бидуни карантини ҳатмӣ ба ин кишвар омада метавонанд.

Тавре ки CentralAsia иттилоъ медиҳад, инчунин шаҳрвандон аз кишварҳои минтақаи “сабз” низ бидуни худгӯшагирӣ (карантин)-и ҳатмӣ метавонанд аз кишвар боздид намоянд.

Тоҷикистон ҳамроҳи Туркманистон ва Қирғизистон ба рӯйхати давлатҳо аз минтақаи “сабз” бо сатҳи пасти паҳншавии коронавирус шомил аст .

Пас аз гузаштан аз ПСР-тест дар фурудгоҳ воридшудагон гузарномаи “сабз”-и худро фаъол намуда, он ҷиҳати боздиди онҳо аз ҳамаи ҷойҳои ҷамъиятӣ ва иншооти сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) имкон фароҳам месозад.

Зимнан зикр мешавад, ки рӯйхати “сабз”-и Аморот аз 55 кишвар иборат аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.