Ҳабси роҳбарони тарабхонаҳои “Лондон” ва “Парасту” дар Душанбе

Date:

Кормандони милитсияи пойтахт 21 сентябр роҳбарони тарабхонаҳои “Лондон” – Умедҷон Саидқулзода ва “Парасту” – Беҳрӯз Садриддиновро боздошт намуданд.

Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, онҳо сарфи назар аз бевақтии шаб, ба корашон идома додаанд: мувофиқи қонун, ба тарабхонаҳо дар пойтахт то соати 23:00 кор иҷоза шудааст.

“Дар ин тарабхонаҳо тартиботи реҷаи корӣ дар вақти шабона вайрон шуда, берун аз вақти муқарраргардида фаъолияташонро идома додаанд”, – омадааст дар маълумоти Раёсат.

Гуфта мешавад, ҳамзамон қоидаҳои санитарию гигиенӣ низ вайрон шуда, инчунин дар бевақтии шаб бо овози баланду гӯшхароши мусиқӣ оромии шаҳрвандон халалдор ва тартиботи ҷамъиятӣ дар вақти шабона риоя нашудааст.

Зикр мегардад, ки бо қарори суд ба У.Саидқулзода ба муҳлати 5 ва Б.Садриддинов – 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...