ВКД: “Оташ дар бозори “Баракат” чӯбу тахтаҳоро фаро гирифт”

Ҳангоми сӯхтор дар бозори “Баракат”, оташнишонони вилояти Суғд молу маҳсулоти соҳибкоронро ба маблағи 100 млн аз нобудшавӣ эмин нигоҳ доштанд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД кишвар хабар медиҳад. Манбаъ, то ҳол дар бораи сабаби сӯхтор ва зарари умумии он иттилоъ надодааст, танҳо ишора кардааст, ки аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дигар […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ҳангоми сӯхтор дар бозори “Баракат”, оташнишонони вилояти Суғд молу маҳсулоти соҳибкоронро ба маблағи 100 млн аз нобудшавӣ эмин нигоҳ доштанд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД кишвар хабар медиҳад.

Манбаъ, то ҳол дар бораи сабаби сӯхтор ва зарари умумии он иттилоъ надодааст, танҳо ишора кардааст, ки аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дигар сохторҳои дахлдор таҳқиқи ҳодиса давом дорад.

Шоми 21-уми октябри соли 2021, дар нуқтаи фурӯши чӯбу тахтаи маркази савдои «Баракат» (ҶДММ «Агрофут»), воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сӯхтор ба амал омад. Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон, сӯхтор дар масоҳати 400 метри мураббаъ паҳн гардида, чӯбу тахтаҳои зери соябонҳоро оташ фаро гирифт.

– Сӯхтори мазкур бо қувваю воситаҳои ҷузъу томҳои Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд дар масоҳати аввалааш бо пуррагӣ хомӯш карда шуда, дигар нуқтаҳо ва биноҳои ёрирасони зери соябонҳо аз сӯхтор эмин нигоҳ дошта шуд,- шарҳ додааст ВКД.

Дирӯз, як манбаъи “Азия – Плюс” аз ВКд хабар дода буд, ки аз сӯхтор дар бозор касе осеб надидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.