Қарзи “Барқи тоҷик” ба неругоҳи “Сангтӯда-1” 35 млн доллар зиёд шуд

Давоми соли равон ШСХК”Барқи тоҷик” ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 37% аз арзиши барқи дар Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”истеҳсолшударо пардохт намудааст. Дар иттилоияи расмии ҶСК “НБО Сангтӯда-1” гуфта мешавад, ин “ба идомаи афзоиши мунтазами қарз назди нерӯгоҳ боис мегардад”. Қарзи “Барқи тоҷик” дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 390 млн сомонӣ (ҳудуди 35 млн […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми соли равон ШСХК”Барқи тоҷик” ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 37% аз арзиши барқи дар Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”истеҳсолшударо пардохт намудааст.

Дар иттилоияи расмии ҶСК “НБО Сангтӯда-1” гуфта мешавад, ин “ба идомаи афзоиши мунтазами қарз назди нерӯгоҳ боис мегардад”.

Қарзи “Барқи тоҷик” дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 390 млн сомонӣ (ҳудуди 35 млн доллар) афзуда, то 30 сентябри соли 2021 ба 1,99 млрд сомонӣ (ҳудуди 177 млн доллар) баробар шуд.

НБО “Сангтӯда-1” давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ба ШСХК “Барқи тоҷик” зиёда аз 1,7 млрд кВт/соат неруи барқ фурӯхтааст, ки 3,1% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад.

Нишондиҳанда (коэффисиент)-и истифодаи иқтидори насбшуда ҳамагӣ 39,1%-ро ташкил додааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта он ба 37,8% баробар буд.

ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст. Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии неругоҳ – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.

Иқтидори насбшудаи неругоҳи “Сангтӯда-1” 670 МВт-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст