Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо 9,5 кг маводи мухаддир хабар дод

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод, ки дар даст доштан ба интиқол ва фурӯши маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора ВКД Қирғизистон, дирӯз, 26 октябр хабар додааст. Ба иттилои ВКД Қирғизистон, санҷиш нишон додааст, ки маводи мухаддир навъи "ҳашиши афғонӣ" буда, вазнаш 9 килою 521кг-ро ташкил медиҳад. Ин […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод, ки дар даст доштан ба интиқол ва фурӯши маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора ВКД Қирғизистон, дирӯз, 26 октябр хабар додааст.

Ба иттилои ВКД Қирғизистон, санҷиш нишон додааст, ки маводи мухаддир навъи "ҳашиши афғонӣ" буда, вазнаш 9 килою 521кг-ро ташкил медиҳад.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳи рустои Ҷаштики вилояти Ботканди  ҳаммарз бо вилояти Суғд дастгир шудааст

Феълан шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи муваққатии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд нигоҳ дошта шуда, бар зидди ӯ бо моддаи 267 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон (қочоқи маводи мухаддир) парванда боз шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора хабар надодаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.