Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон бобати баркандани пулҳои пиёдагард дар қаламрави баҳсӣ

Дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара рӯзи 27 октябр вохӯрии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдукарим Алимбоев баргузор шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Исфара. Дар вохӯрӣ раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва раиси ноҳияи Ботканд Учқунбек Ҷоробоев, инчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду вилоят низ […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара рӯзи 27 октябр вохӯрии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдукарим Алимбоев баргузор шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Исфара.

Дар вохӯрӣ раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва раиси ноҳияи Ботканд Учқунбек Ҷоробоев, инчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду вилоят низ ҳузур доштанд.

“Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид ҷонибҳо дар бораи баркандани ду пули пиёдагард, ки сохтмонашон дар қаламрави деҳоти Сомониёни Тоҷикистон ва мавзеи Ӯчтеппаи Қирғизистон оғоз гардида буд, тавофуқ ҳосил карданд”, – гуфтанд дар шаҳрдории Исфара.

Ҳамчунин дар ҷараёни гуфтушунид тасмим гирифта шуд, ки дар наздикии қитъаҳои баҳсии марз корҳои сохтмон пурра  боздошта шаванд.

Ҷонибҳо инчунин қарори муштарак қабул намуданд, ки дар сурати гузаштани чорво аз сарҳад, он баргардонида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар созиш ҳосил шуд, ки дар мавриди пешгирии қочоқ тадбирҳои муштарак роҳандозӣ шаванд ва масъулияти ин кор ба хадамоти сарҳадбонии кишварҳо вогузор шуд.

Қобили зикр аст, ки баҳсҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз солҳои сиюм инҷониб идома доранд.

То ҳол аз 970 километри хати марз танҳо 519 километри он мувофиқа шуда, қитъаҳои борқимонда баҳсӣ дониста мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки баҳори ҳамин сол муноқишаи сокинони маҳаллии ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ба задухӯрди мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар боис гардид.

Дар задухӯрдҳои 29 апрел байни сарҳадбонони тоҷику қирғиз аз ҳар ду ҷониб зиёда аз 50 нафар ҳалок ва беш аз 300 нафар ҷароҳат бардоштаву осеб диданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.