Рустами Эмомалӣ “парвандаи Мадина”-ро таҳти назорати шахсӣ гирифт

Раиси палатаи болоии парлумон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «парвандаи Мадина»-ро  шахсан таҳти назорати худ гирифт, хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода. Ба гуфтаи вай "Рустами Эмомалӣ бобати муроҷиат намудани сокини шаҳри Душанбе – Зулфия А. дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар хусуси ба духтараш Мадина М. аз ҷониби […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Раиси палатаи болоии парлумон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «парвандаи Мадина»-ро  шахсан таҳти назорати худ гирифт, хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода.

Ба гуфтаи вай "Рустами Эмомалӣ бобати муроҷиат намудани сокини шаҳри Душанбе – Зулфия А. дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар хусуси ба духтараш Мадина М. аз ҷониби Азиза Д. бо роҳи шиканҷа расонидани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва дар ҳолати вазнин ба Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии «Шифобахш» дар ҳолати беҳушӣ овардани ӯро, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.".

"Тафтиши ҳолати мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр анҷом дода шуда, бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 7 сентябри соли 2021 аз оғози кори ҷиноятӣ рад карда шудааст.  Раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо инобати дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён омадани афкори гуногун, ба Прокуратураи Генералӣ ва Вазорати корҳои дохила дастур дода, зимни иҷрои он санҷиши ҳолати кор аз нав оғоз карда шуда, тафтиши ҳаматарафа, пурра ва объективонаи он таҳти назорати бевосита қарор дода шудааст, – гуфт Наврӯз. Курбонзода.

Вай таъкид кард, ки тафтишоти ҳамаҷониба ва воқеъбинонаи ҳодиса таҳти назорати бевоситаи Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки Мадина М. 25 августи соли равон ғайб зада, баъди 14 соат бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт.

Гумонбаршуда дар ин парванда Азиза Д. ҳамсари қонунии марде мебошад, ки Мадина бо ӯ мулоқот кардааст. Ахиран фаъолон ба унвони раиси шаҳри Душанбе, додситони кулл ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиатнома навишта, хостори таҳти назорати худ гирифтани парвандаи Мадина шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст