Нармафзори мобилӣ барои соҳибкорон дар Тоҷикистон. Аз имтиёзҳо то нақшаи санҷиши мақомотро хабар медиҳад

Date:

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон нарафзори махсуси мобилии «Соҳибкор» (Sohibkor) роҳандозӣ намуд.

Нармафзор бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи “Ҷавонон барои тиҷорат ва инноватсияҳо” таҳия шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи мазкур.

“Ба воситаи ин нармафзор корбарон ба ҳамаи асноди меъёриву ҳуқуқии тиҷорату сармоягузорӣ, пойгоҳи ҳуқуқии имтиёзҳо дар ҷумҳурӣ, нақшаи баргузории санҷиш аз ҷониби мақомоти дахлдор ва дигар масоили марбут ба ин соҳа дастрасӣ пайдо карда метавонанд”, – гуфтанд дар Кумита.

Нармафзор ҳамчунин ба сифати пойгоҳи ягонаи дастгирии давлатии тиҷорат ва сармоягузорӣ хидмат карда метавонад.

Нармафзори мобилии «Соҳибкор» (Sohibkor)  дар App Store ва Play Store дастрас аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар шарҳи нармафзор дар App Store ва Play Store гуфта мешавад, он барои соҳибкороне, ки фаъолияташонро дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ мекунанд, пешбинӣ шудааст.

Ба корбар маълумотномае дастрас аст, ки аз Кодексҳои андозу гумрук ва дигар қонунҳои марбут ба фаъолияти соҳибкорӣ маълумоти муфассалро дар бар гирифтааст.

Ҳамчунин дар нарфзор гузориш оид ба сохтори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ манзур шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...