Дар Душанбе истеҳсоли чароғпояҳои нуридиодӣ ва қуттиҳои коғазӣ роҳандозӣ шуд

Дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе ду корхонаи нави истеҳсоли чароғпояҳои нуридиодӣ ва лампаҳо, ҳамчунин истеҳсоли қуттиҳои коғазӣ мавриди истифода қарор гирифт. Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, дар корхонаи аввал зиёда аз 27 намуд лампаҳо истеҳсол карда мешавад. Гуфта мешавад, дар корхонаи навтаъсис зиёда аз 45 ҷойи кори нав муҳайё карда шуда, кормандон […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе ду корхонаи нави истеҳсоли чароғпояҳои нуридиодӣ ва лампаҳо, ҳамчунин истеҳсоли қуттиҳои коғазӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, дар корхонаи аввал зиёда аз 27 намуд лампаҳо истеҳсол карда мешавад.

Гуфта мешавад, дар корхонаи навтаъсис зиёда аз 45 ҷойи кори нав муҳайё карда шуда, кормандон пеш аз оғози кор ба курсҳои кӯтоҳмуддати тахассусӣ ҷалб гардидаанд.

Зимни ифтитоҳи корхона ба намояндагон масъулин иттилоъ доданд, ки маводи хом ба корхона аз Русия ворид гардида, банду баст карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар корхонаи дуюми ҶДММ “Пӯлотов” аз хориҷи кишвар технологияи муосир оварда шуда, истеҳсоли зиёда аз 30 намуд қуттиҳои коғазӣ ба роҳ монда шудааст.

Зикр мегардад, ки имкони истеҳсоли моҳонаи корхона наздик ба 1,5 млн адад қуттӣ мебошад.

Дар ҳудуди корхона зиёда аз 6 намуди техникаи замонавӣ насб гардида, масоҳати умумии иншоот 2700 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст