Садамаи пурқурбонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд. 3 нафар аз ҳалокшудаҳо узви як хонаводаанд

Бар асари як садамаи нақлиётӣ шоми 6-уми январ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд, ки аз ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд мебошанд. Гуфта мешавад се тан аз ҷонбохтагон аъзои як хонавода мебошанд. Дар ин бора аз Раёсати корҳои дохила дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дода гуфтанд, ки садама соати 16:00 бегоҳии 7-уми январ […]

Ҳалимҷон Ҷӯраев, Asia-Plus

Бар асари як садамаи нақлиётӣ шоми 6-уми январ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд, ки аз ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд мебошанд. Гуфта мешавад се тан аз ҷонбохтагон аъзои як хонавода мебошанд.

Дар ин бора аз Раёсати корҳои дохила дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дода гуфтанд, ки садама соати 16:00 бегоҳии 7-уми январ дар километри 254-уми шоҳроҳи  Душанбе-Хуҷанд ба вуқӯъ пайвастааст. 

Манбаъ мегӯяд, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес Атего”, Фаррух Ҳақбердиеви 27-сола, сокини ҷамоати Қуштепаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба Хуҷанд аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада муқобили самти ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел Зефира” бармехӯрад.

Ин автомашинаро ронанда Раҳмат Соҳибназаров идора мекард ва ҳангоми садама аз самти шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Истаравшан ҳаракат мекард.

Раёсати корҳои дохила дар вилояти Суғд мегӯяд, дар натиҷаи садама ронанда Раҳмат Соҳибназарови 46-сола ва мусофирони он Наимҷон Соҳибназарови 57-сола, Дилбар Соҳибназароваи 53-сола ва Олмахон Ғоибоваи 53-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Қурбониёни садама сокинони ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич мебошанд, ки эҳтимол меравад ронанда ва боз ду мусофири он Соҳибназаровҳо аз як хонавода мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.