Дар беназмиҳои моҳи январи Қазоқистон 227 тан кушта шудааст

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба мақомоти Қазоқистон хабар медиҳад, ки дар беназмиҳои нимаи аввали моҳи январ дар ин кишвар 227 нафар кушта шудааст.  Дар чанд рӯзи охир дар беморхонаҳои Қазоқистон ду тани дигар аз маҷруҳони бетартибиҳои ибтидои моҳи январи ин кишвар фавтидаанд. "Дар робита ба фавтидаҳо дар беморхонаҳо: то имрӯз шумори фавтидаҳо ба […]

Asia-Plus

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба мақомоти Қазоқистон хабар медиҳад, ки дар беназмиҳои нимаи аввали моҳи январ дар ин кишвар 227 нафар кушта шудааст. 

Дар чанд рӯзи охир дар беморхонаҳои Қазоқистон ду тани дигар аз маҷруҳони бетартибиҳои ибтидои моҳи январи ин кишвар фавтидаанд.

"Дар робита ба фавтидаҳо дар беморхонаҳо: то имрӯз шумори фавтидаҳо ба 177 расид", – гуфт Ажар Гиният, вазири ҳифзи тандурустии Қазоқистон рӯзи 18 январ.

Пештар аз ин вазорат аз 175 фавтида дар беморхонаҳо хабар дода буд. Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 15 январ иттилоъ дода буд, ки ба сардхонаҳои он кишвар 225 фавтидаро овардаанд. Ба ин тартиб, теъдоди умумии фавтидаҳо дар бетартибиҳои ибтидои моҳи январи Қазоқистон ба 227 кас расид.

Вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон хабар дод, "дар рӯзҳои бетартибӣ 2739 кас барои дарёфти ёрии тиббӣ ба беморхонаҳо муроҷиат кардааст". Аз ин шумор 14 тан дар шуъбаҳои эҳё бистарӣ шудааст.

Рӯзи 2 январ дар Қазоқистон зидди болоравии қимати газ эътироз шуруъ шуд. Ин эътирозҳо тамоми Қазоқистонро фаро гирифт. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, "20 ҳазор террорист" ба шаҳри Алмато ҳамла кард, ки гӯё дар хориҷ омодагӣ дида будаанд. Баъдтар вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, манзур шумори умумии ширкатдорони эътирозҳо дар шаҳр буд. Дар робита ба ин, Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон аз Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ кӯмаки низомӣ дархост кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.