Роҳи Душанбе-Чаноқ дигарбора баста шуд: боз тарма фаромад

Аз соати 5:00 субҳи имрӯз, 19 январи соли 2022 ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Чаноқ" бар асари фаромадани тармаҳо дубора муваққатан баста шуд. Дар ин бора филиали ширкати IRS, ки масъули дар ҳолати коршоям нигоҳ доштан ва хидматрасонӣ дар ин роҳ аст, дар саҳифаи расмии фейсбукияш хабар медиҳад. “IRS” мегӯяд, “бинобар бориши пуршиддати барф ва бо мақсади бартарафсозии пайомади […]

Аз соати 5:00 субҳи имрӯз, 19 январи соли 2022 ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Чаноқ" бар асари фаромадани тармаҳо дубора муваққатан баста шуд. Дар ин бора филиали ширкати IRS, ки масъули дар ҳолати коршоям нигоҳ доштан ва хидматрасонӣ дар ин роҳ аст, дар саҳифаи расмии фейсбукияш хабар медиҳад.

“IRS” мегӯяд, “бинобар бориши пуршиддати барф ва бо мақсади бартарафсозии пайомади тармафароӣ, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилагжиш дар ҳамоҳангӣ бо БДА ВКД Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ тасмим гирифта шуд, ки аз соати 5:00 субҳ ҳаракати тамоми нақлиёт муваққатан боздошта шавад”.

Ин ширкат аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки моҳияти ин иқдомро, ки ба таъмини бехатарии онҳо рабт дорад, дарк намоянд.

Зикр бояд кард, ки ду рӯз пеш ҳам бар асари фаромадани тарма роҳи Душанбе-Чаноқ баста шуда буд. Ҳамин тариқ, баъди зуҳри дирӯз, 18 январ ширкати  “IRS” хабар дод, ки роҳ аввал аз як ҷониб аз Хуҷанд ба Душанбе ва баъди чанде аз Душанбе ба Хуҷанд пурра боз шуд.

Гуфта мешуд, ки дар қитъаи аз 48 то 73-уми роҳ 13 тарма бо баландии аз 3 то 14 метр ва паҳноии то 200 метр фаромадааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи январ низ дар чанде аз қитъаҳои ин роҳ 14 тарма фаромада, ҳудуди 25 автомашина дар роҳ банд монда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.