Дар Қазоқистон мехоҳанд, ки эътирозгаронро дигар таъқиб накунанд

Date:

Як гуруҳ аз сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон 22 январ дар назди бинои шаҳрдорӣ ҷамъ шуда, талаб карданд, таъқиби фаъолон ва шаҳрвандоне қатъ шавад, ки дар эътирозҳои оммавии аввали моҳи январ дар ин кишвар иштирок доштанд.

Таҷаммуъгарон дар даст шиорҳои "Мардум террорист нестанд!", "Талаб мекунем, таъқибҳо қатъ шаванд!" ва "Нест бод, беқонунӣ!"-ро доштанд. Эътироз ҳамагӣ 15 дақиқа давом кардаанд, хабар медиҳад, Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ. 

"Мо наметавонем, хомуш нишинем. Ин номумкин аст. Ҳар рӯз мешунавем, ки сокинони одиро барои иштирок дар тазоҳуроти осоишта таъқиб мекунанд. Бинобар ин, тасмим гирифтем, ки аз онҳо ҷонибдорӣ намоем", – изҳор дошт яке аз таҷаммуъгарон Алма Карашаева.

Кормандони ширкати "Кезби"-и шаҳр низ рӯзи ҷумъа бо талаби ҳамсон муроҷиати видеоиеро нашр карданд. Онҳо гуфтанд, агар таъқибҳо қатъ нашавад, дубора даст ба тазоҳурот мезананд.

Ҳаводиси аввали моҳи январи соли равон дар Қазоқистон аз эътирозҳо дар Жанаозен оғоз шуда буд. Сокинони ин шаҳр дар эътироз ба болоравии нархи газ тазоҳурот карда буданд. Ин тазоҳурот то ба минтақаҳои дигар низ паҳн шуд. Эътирозҳо баъдан ба хушунат печиданд ва даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузоштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...