12:0: Футболбоззанони Эрон дастаи Тоҷикистонро шикаст доданд

Дар Душанбе даври дуюми Чемпионати Ассостсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби занон ба анҷом расид. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби Эрон ба дарвозаи Тоҷикистон 12 тӯби беҷавоб ворид намуда, тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 11:0 тими Қирғизистонро шикаст дод. Баъди ду давр мунтахаби Эрон бо касби 6 имтиёз пешсафи ягонаи […]

Asia-Plus

Дар Душанбе даври дуюми Чемпионати Ассостсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби занон ба анҷом расид.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби Эрон ба дарвозаи Тоҷикистон 12 тӯби беҷавоб ворид намуда, тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 11:0 тими Қирғизистонро шикаст дод.

Баъди ду давр мунтахаби Эрон бо касби 6 имтиёз пешсафи ягонаи ҷадвали мусобиқа мебошад.

Ӯзбекистон се имтиёз дошта дар зинаи дуюм ва дастаҳои Қирғизистону Тоҷикистон ҳар кадоме бо касби якхолӣ дар зинаҳои 3 ва 4-уми ҷадвал қарор доранд.

Бозиҳои даври сеюми Чемпионати CAFA оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби занон имрӯз, 24 январ баргузор мешаванд. Соати 15:00 бозии байни дастаҳои Қирғизистону Эрон оғоз гардида, соати 18:00 дар майдони маҷмааи бисёрсоҳавии варзишии Душанбе мунтахабҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҳам рақобат мекунанд.

Нахустин дар таърих Чемпионати CAFA оид ба футзал байни мунтахабҳои занон дар Душанбе дар ду марҳила ду даврӣ баргузор шуда, ҳар кадоме аз дастаҳо шаш бозӣ мегузаронад. Да мусобиқаи ҳамагӣ 12 бозӣ доир мегардад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзи бештари касбкарда муайян карда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.