Нигаронии Оқохони IV аз вазъи ВМКБ: “Сулҳро халалдор накунед”

Шоҳкарим Оқохони 4, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон, гуфтааст, ҳаводиси ахири Тоҷикистон барояш "бисёр нигаронкунанда аст", дар ҳоле ки ба қавли ӯ, "ноустуворӣ дар минтақа афзоиш ёфтааст". Паёми Оқохони 4 ба унвони роҳбарони сохторяҳояш равона гардида, дар сомонаи расмии сохторҳои ӯ – “The Ismaili” нашр шудааст. Бадахшони Тоҷикистон яке аз калонтарин минтақаҳои исмоилинишин дар дунё аст. Ин […]

Шоҳкарим Оқохони 4, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон, гуфтааст, ҳаводиси ахири Тоҷикистон барояш "бисёр нигаронкунанда аст", дар ҳоле ки ба қавли ӯ, "ноустуворӣ дар минтақа афзоиш ёфтааст".

Паёми Оқохони 4 ба унвони роҳбарони сохторяҳояш равона гардида, дар сомонаи расмии сохторҳои ӯ – “The Ismaili” нашр шудааст.

Бадахшони Тоҷикистон яке аз калонтарин минтақаҳои исмоилинишин дар дунё аст.

Ин паёми Оқохонро рӯзи 17-уми январи имсол ба забонҳои инглисӣ ва тоҷикӣ нашр кардаанд. То ин дам мавқеи AKDN ё Шабакаи Оқохон дар умури рушд дар Тоҷикистон, нисбат ба ҳаводис ва вазъи ВМКБ рӯшан набуд.

Раҳбари исмоилиёни ҷаҳон дар паёмаш гуфтааст, мисли ҳамеша таҳаввулоти ҳозираро зери назорат қарор додааст ва дар мавриди зарурӣ "роҳнамоии минбаъда"-ро мефиристад. Аммо айни замон аз пайравонии тоҷикистонияш хоста, "дар ҳеҷ фаъолияте, ки ба халалдор гардидани барқарории сулҳ ва назму тартиботи хуб мегардад, ширкат накунанд".

"Бори дигар фармонамро ба Ҷамоат такрор мекунам, ки ҳар гуна хушунат, бетартибӣ, фаъолияти ғайриқонунӣ ва амалҳои дигарро, ки ба қонунҳои сарзамин мухолифанд, рад кунанд", – афзудааст ӯ.

Ёдрас мекунем, ки моҳи нобяри соли гузашта дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ сокини маҳаллӣ Гулбиддин Зиёбеков зимни боздошт кушта шуда, ин ба норозигӣ ва даст ба тазоҳурот задани аҳолӣ боис гардид.

Эътирозҳо бо иштироки то 5 ҳазор нафар аз 25 то 28 ноябр ҷараён доштанд. Дар ин рӯзҳо ду сокини вилоят Тӯтишо Амиршоев ва Гулназар Муродбеков ба ҳалокат расида, боз чандин каси дигар захм гирифтанд.

Тибқи маълумоти расмии КДАМ, дар ҷараёни эътирозҳо 12 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осеб дидаанд.

Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".