Роҳи Душанбе – Чаноқ барои ҳама навъи нақлиёт боз аст

Шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ барои ҳаракати ҳама гуна навъи воситаҳои нақлиёт боз аст, хабар медиҳад филиали ширкати IRS дар саҳифааш дар Facebook. Аз 20 январ ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ аз ҳар ду самт барқарор шуда, лекин танҳо барои мошинҳои сабукрав боз буд. Аз ширкати IRS хабар медиҳанд, ки айни замон ҳолати роҳ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ барои ҳаракати ҳама гуна навъи воситаҳои нақлиёт боз аст, хабар медиҳад филиали ширкати IRS дар саҳифааш дар Facebook.

Аз 20 январ ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ аз ҳар ду самт барқарор шуда, лекин танҳо барои мошинҳои сабукрав боз буд.

Аз ширкати IRS хабар медиҳанд, ки айни замон ҳолати роҳ хуб буда, ронандагон метавонанд аз ҳар ду самт бе монеъа бо мошинҳои худ ҳаракат кунанд.

“Пештар мо ҳаракатро аз самти Душанбе ба Хуҷанд иҷоза додем, то ки шумори хеле зиёди мошинҳо кам шаванд, акнун бошад, роҳ ба ҳар ду самт боз аст, – гуфтанд дар ширкат. – Сохторҳои дахлдор ҳамаҷониба кӯшиш доранд, ки ҳамин рӯз барои автомашинаҳои боркаши ядакдор (притсепдор) низ иҷозаи ҳаракат шавад”.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба боришоти зиёди барф ва бо мақсади пешгирии тармафароиҳо ва коркарди роҳ бо маводи зиддилағзиш, дар мувофиқа бо БДА, ВКД ва КҲФ роҳ баста шуда, 19 январ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт тибқи ҷадвал иҷоза дода шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.