Русия квотаи таҳсил барои донишҷӯёни тоҷикро зиёд кард

Date:

Русия квотаи таҳсил барои донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои ин кишварро имсол 120 адад зиёд кардааст. Дар ин бора Иван Иванов, раиси намояндагии "Россотрудничество" ба хабаргузори ТАСС хабар дода гуфтааст, шумораи квота барои таҳсили тоҷикон дар донишгоҳҳои Русия аз ҳисоби буҷети федералии солҳои 2022-2023 афзоиш ёфт.

Манбаъ гуфтааст, шумори квота ё худ ҷойи таҳсил дар донишгоҳҳои Русия барои Тоҷикистон ба ин тартиб то ба 750 адад баробар шуд, ки соли гузашта 630 ҷойи таҳсил буд.

Иван Иванов дар мавриди квтотаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик гуфтааст, “афзоиши ҷиддӣ мушоҳида мешавад”.

Бино ба гуфти раиси намояндагии "Россотрудничество" дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон, ки дар назар аст ояндаи наздик баргузор мешавад, масъалаи афзоиши шумори квотаҳо матраҳ мешавад.

«Тоҷикистон аз рӯи анъана дар қатори панҷ кишвари беҳтарини ҷаҳон (аз рӯи миқдори квотаҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия) ҷой гирифта, дар байни кишварҳои ИДМ мавқеи пешсафро ишғол мекунад», – гуфтааст Иван Иванов

Маъракаи омӯзиши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дар асоси фармоне, ки соли 2013 дар Федератсияи Русия содир шуда буд, сурат мегирад. Манбаъ мегӯяд, ҳоло дар донишгоҳҳои Русия ҳудуди 23 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...