Қатъи кори фурудгоҳҳои Ӯзбекистон бо сабаби халалдор шудани кори низоми энергетикии Осиёи Марказӣ

Дар робита ба қатъи густардаи интиқоли барқ ҳамаи фурудгоҳҳои Ӯзбекистон кори худро қатъ намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Uzbekistan Airports. “Дар фурудгоҳи Тошканд на ҳама мусофирони хатсайри HY-721 дар масири Тошканд-Нур-Султон фурсат ёфтанд, ки аз сабти ном, ҳамчунин аз назорати гумрукиву шиноснома ва муоинаи амниятӣ гузаранд. Ҳавопаймои хатсайри HY-762 Алмаато – Тошканд ба фурудгоҳи алтернативии […]

Asia-Plus

Дар робита ба қатъи густардаи интиқоли барқ ҳамаи фурудгоҳҳои Ӯзбекистон кори худро қатъ намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Uzbekistan Airports.

“Дар фурудгоҳи Тошканд на ҳама мусофирони хатсайри HY-721 дар масири Тошканд-Нур-Султон фурсат ёфтанд, ки аз сабти ном, ҳамчунин аз назорати гумрукиву шиноснома ва муоинаи амниятӣ гузаранд. Ҳавопаймои хатсайри HY-762 Алмаато – Тошканд ба фурудгоҳи алтернативии Навоӣ раҳсипор шуд. Ҳамчунин, ҳайати ҳавопаймои ширкати «Эйр Астана» бо хатсайри KC-127 дар самти Алмато-Тошканд тасмим гирифт, ки ба фурудгоҳи парвоз баргардад”, – омадааст дар хабари ширкат.

Ҳамчунин интиқоли барқ ба фурудгоҳҳои Намангон, Андиҷон, Фарғона, Тирмиз, Қаршӣ, Урганҷ, Бухоро, Нуқус ва Самарқанд қатъ шудааст. Ҳозир танҳо фурудгоҳи Навоӣ бо барқ таъмин аст. Фурудгоҳҳо пас аз анҷоми таъмири шабакаҳои барқ кори худро барқарор мекунанд, гуфтаанд дар Uzbekistan Airports.

Фурудгоҳи “Манас” дар Бишкек ба таъмини мустақил ё худ автономӣ бо барқ гузаштааст. “Фурудгоҳ комилан бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият надоорад. Сабт ба хатсайри чартерии Бишкек – Исломобод муваққатан боздошта шуд”, – гуфтаанд ба нашрияи 24.kg дар хадамоти матбуоти фурудгоҳ.

Дар Алмато фурудгоҳ бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад. Дар шаҳр инчунин метро ва вокзали роҳи оҳан ба кори худ идома дода истодаанд, лекин хатҳои трлллейббус бо барқ таъмин нестанд.

Субҳи 25 январ дар аксари минтақаҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар як вақт интиқоли барқ қатъ шуд. Интиқоли барқ, аз ҷумла ба шаҳрҳои бузург – Алмато, Тошканд, Бишкек қатъ гардид. Тибқи маълумоти пешакӣ, қатъи садамавии интиқоли барқ дар натиҷаи зиёд шудани сарборӣ дар хати интиқоли барқи “Шимол-Шарқ-Ҷануби Қазоқистон” ба амал омадааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.