Мунтахаби ҷавонон, “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” дар даври финалии Ҷоми ФФТ-2022

Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор бозиҳои даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2022 дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд. Тавре ки ФФТ хабар медиҳад, ғолиби соли гузаштаи ин мусобиқа – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар гуруҳи “А” бозӣ мекунад, бори сеюм пайдарпай пирӯзӣ ба даст оварда, ин дафъа тими КМВА (ЦСКА)-ро бо ҳисоби 3:0 […]

Asia-Plus

Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор бозиҳои даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2022 дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд.

Тавре ки ФФТ хабар медиҳад, ғолиби соли гузаштаи ин мусобиқа – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар гуруҳи “А” бозӣ мекунад, бори сеюм пайдарпай пирӯзӣ ба даст оварда, ин дафъа тими КМВА (ЦСКА)-ро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард ва ба даври финалии мусобиқа роҳ ёфт.

Дастаи дуюме, ки  ба даври финалии мусобиқа аз гуруҳи “А” роҳхат мегирад, пас аз баргузори панҷ даври марҳилаи интихобӣ дар гуруҳ муайян мешавад.

Дар гуруҳи “Б” мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо касби 9 холи имконпазир аз 3 давр  ва пирӯзӣ дар бозии охир бар дастаи “Душанбе” бо ҳисоби 5:0 ба даври финалӣ роҳхат гирифт.

Дар гуруҳи “Б” дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода низ тими “Файзканд”-и Восеъро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карда, ба роҳхати даври финалӣ соҳиб шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.