Гурӯҳи 21-нафараи мактабхонҳои Суғд ба олимпиадаи “Teeneagle”-и Лондон мераванд

Тобистони имсол, 21 нафар мактабхонҳои яке аз литсейҳои вилояти Суғд дар даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии "Teeneagle", ки дар шаҳри Лондони Бритониё баргузор мешавад ширкат мекунанд. Дар ин олимпиада 30 ҳазор хонанда аз зиёда аз 90 кишвари дунё ҳузурӣ иштирок хоҳанд кард, ки ғолибони мақоми якум, дуюм ва сеюм тибқи низомнома имкони таҳсили ройгон дар 12 донишгоҳи бонуфузи Англияро […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Тобистони имсол, 21 нафар мактабхонҳои яке аз литсейҳои вилояти Суғд дар даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии "Teeneagle", ки дар шаҳри Лондони Бритониё баргузор мешавад ширкат мекунанд. Дар ин олимпиада 30 ҳазор хонанда аз зиёда аз 90 кишвари дунё ҳузурӣ иштирок хоҳанд кард, ки ғолибони мақоми якум, дуюм ва сеюм тибқи низомнома имкони таҳсили ройгон дар 12 донишгоҳи бонуфузи Англияро пайдо мекунанд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд даври ниҳоии  "Teeneagle" аз фанни забони англисӣ аз 31-уми июл то 7 августи имсол дар Лондон доир мешавад.

Дар даври интихоботии ин озмун, ки онлайнӣ сурат гирифт 21 нафар мактабхони синфҳои 7-11-и “Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд” 1 медали тилло, 4 нуқра ва 16 биринҷӣ ба даст оварда ба даври ниҳоии ин олимпиадаи бонуфуз роҳхат гирифтаанд.

“Даври ниҳоии  дар Донишгоҳи Брунели Лондон баргузор гардида, ғолибони мақоми аввал, дуюм ва сеюм тибқи низомномаи озмун баро таҳсили ройгон дар 12 донишгоҳи бонуфузи Англия ҳуқуқ пайдо мекунанд”.-хабар медиҳад, Хадамоти матбуоти раиси Суғд.

Манбаъ мегӯяд, толибилмони “Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд” давоми шаш моҳи таҳсили соли 2021-2022 дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар кишварҳои Амрико, Итолиё, Чин, Англия, Олмон, Туркия, Таиланд, Русия, Мексика ва Фаронса ҳузурӣ ва фосилавӣ ширкат карда, соҳиби 212 медал аз ҷумла 81 тилло, 57 нуқра ва 74 биринҷӣ гардиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.