Боздошти як марде, ки барои ифшои маълумоти беобрӯкунанда аз зан пул тамаъ мекард

Date:

Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба гумони тамаъ кардани пул аз як зан боздошт шуд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, як зани 47-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба шуъбаи ВКД шаҳри Хуҷанд муроҷиат кардааст.

“Марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур бо роҳи тамаъҷӯӣ, яъне бо таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда (бадномкунанда) аз ӯ маблағи 15 ҳазор сомонӣ талаб кардааст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ҷабрдида ба ӯ 1 ҳазору 500 сомонӣ медиҳад ва ҳангоми гирифтани пул гумонбаршуда дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 250 (Тамаъҷӯӣ) Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Дар ин модда аз 5 то 10 соли зиндон бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...