Дар конфронси “Пандемия 2020: таҳдид, қарор, оқибатҳо” мудири минтақавии ҳолатҳои фавқулодаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Дорит Нитсан изҳор доштааст, ки мавҷи дуюми пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон вуҷуд надорад.
“Навъ ва шаклҳои коронавирус гувоҳи онанд, ки ҳеҷ гуна мавҷи дуюми пандемия вуҷуд надорад. Кишварҳое ҳастанд, ки дар онҳо афзоиши шумори гирифторон ба коронавирус ба мушоҳида мерасад, лекин боз давлатҳое ҳам ҳастанд, ки сатҳи беморӣ коҳиш меёбад. Мо ин вазъро ҳамарӯза назорат мекунем, вазъро дар кишварҳое, ки дар онҳо беморӣ кам мешавад, меомӯзем”, – гуфтааст Нитсан.
Ӯ таъкид доштааст, ки аксарият бо назардошти ба шакли душвори беморӣ гирифтор шудани ҳамагӣ 5%-и аҳолӣ дар саросари дунё, дарк намекунанд, ки коронавирус бемории хеле хатарнок аст.
“Лекин ин 5% хеле зиёд азият мекашанд, ҳаёти онҳо зери хатар аст, гуфтани ин душвор, лекин ҳолати онҳо хеле вазнин аст”, – илова кардааст Нитсан.
Рӯзи сешанбе, 13 октябр СҶТ хабар дод, ки ҳафтаи гузашта (аз 5 то 11 октябр) шумори сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон беш аз 2,2 млн нафар афзуд, ки дар тамоми давраи пандемия нишондиҳандаи рекордӣ аст.
Тибқи маълуомти СҶТ, сар аз моҳи январи соли 2010 шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар саросари дунё 37,6 млн нафарро ташкил дода, беш аз 1 млн кас аз ин беморӣ фавтид.
Дар ҳамин ҳол, тавре «Женьминь жибао» хабар медиҳад, СҶТ изҳор доштааст, ки дар ҷаҳон 10 ваксинаи зидди коронавирус дар марҳилаи сеюми озмоишҳои клиникӣ қарор доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.