Давъват ба хидмати аскарӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд, “облава” мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон фармон дар бораи даъвати ҷавонон ба хидмати аскарӣ барои баҳорро содир кард. Мувофиқи ин фармон дар ин мавсим шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд. Дар фармони раисҷумҳур, ки имрӯз, 4-уми март ба имзо расид, гуфта мешавад, ки хидматчиёни ҳарбие, ки муҳлати хидматро адо кардаанд рухсат карда шаванд ва дар […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон фармон дар бораи даъвати ҷавонон ба хидмати аскарӣ барои баҳорро содир кард. Мувофиқи ин фармон дар ин мавсим шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд.

Дар фармони раисҷумҳур, ки имрӯз, 4-уми март ба имзо расид, гуфта мешавад, ки хидматчиёни ҳарбие, ки муҳлати хидматро адо кардаанд рухсат карда шаванд ва дар моҳҳои апрелу майи соли 2022 шаҳрвандони марде, ки то рӯзи даъват ба синни 18 мерасанд ва ҳамчунин шаҳрвандони калонсолтаре, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани  хидматро надоранд ба хидмат даъват шаванд. 

Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Вазорати дифоъ ва раисони комиссияҳои даъвати  вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин намояндагони мақомоти амнияту корҳои дохилиро низ дастур додааст, ки дар мавсими даъват дар навбати аввал барои пураа кардани сафи хидматчиёни неруҳои марзбонӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус таваҷҷуҳ кунанд.

Далели инро раисҷумҳур дар фармон ба "хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо" марбут донистааст.

Мувофиқи ин фармон раисони шаҳру ноҳияҳо низ вазифадор шудаанд, ки дар баробари мақомот барои даъвати шаҳрвандон талош кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.