Меҳмони навбатии Asia-Plus Online гинекологи шинохта, репродуктолог, директори клиникаи “Насл” доктор Шамсиддин Қурбонов шуд.
“Солҳои охир шумораи оилаҳое, ки бо нобордорӣ (безуриётӣ) рӯ ба рӯ мешаванд – афзуда истодааст, имрӯз қариб ҳар севвум оилаи навбунёд бо ин мушкилӣ дучор мешавад”, – мегӯяд доктор.
Дар ин суҳбат ба чӣ рабт доштани ин раванд баррасӣ шуд.
Ҳамчунин мо доираи васеи саволҳоеро баррасӣ кардем, ки ҳамагон мехоҳанд аз он огаҳ бошанд:
• кадом намуди табобату муолиҷаи безуриётӣ дар Тоҷикистон мавҷуд аст ва нархи онҳо чанд аст;
• кафолати барномаи ЭКО (“бордоркунӣ берун аз тан”) чанд фоиз аст;
• “тифлон аз пробирка” оё пурра солиманд;
• оё ҳангоми ЭКО мизоҷ метавонад ҷинси кудаки ояндаашро интихоб кунад;
• ва оё дугонику чандгоник бордор кардан мумкин аст?
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.