Духтари Назарбоев як хонаи боҳашаматашро дар Лондон ба фурӯш гузоштааст

Дариға Назарбоева, духтари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев хонаи боҳашамати худро дар шаҳри Лондон ба фурӯш гузоштааст. Хона дар Денвуд-роуди Лондон ҷойгир буда, бар ивази 11 миллиону 800 ҳазор доллар фурӯхта мешавад. Яъне, назар ба нархе, ки як ширкати марбут ба духтари Назарбоев соли 2008 онро харидорӣ карда буд, 300 ҳазор фунт камтар фурӯха хоҳад […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Дариға Назарбоева, духтари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев хонаи боҳашамати худро дар шаҳри Лондон ба фурӯш гузоштааст.

Хона дар Денвуд-роуди Лондон ҷойгир буда, бар ивази 11 миллиону 800 ҳазор доллар фурӯхта мешавад. Яъне, назар ба нархе, ки як ширкати марбут ба духтари Назарбоев соли 2008 онро харидорӣ карда буд, 300 ҳазор фунт камтар фурӯха хоҳад шуд.

Ин дороии Назарбоева дар Лондон соли 2020 баъди он расонаӣ шуд, ки Оҷонси миллии Бритониё дар умури мубориза бо ҷиноятҳо манзилҳои мазкурро дар доираи пажуҳиши махсус ба ҳабс гирифт. Мақомоти Бритониё таҳқиқ нисбати манзилҳои марбут ба Назарбоевҳоро дар доираи парвандаи мубориза бо дороиҳои "номашруъ" шуруъ карда будаанд.

Расонаҳои Бритониё 10 марти соли 2020, пас аз мурофиае дар Додгоҳи олии Лондон навиштанд, ки молики се амволи ғайриманқули ҳабсшуда дар ин кишвар Дариға Назарбоева ва писараш Нуралӣ Алиев ҳастанд. Вале дертар додгоҳе дар Лондон қарор кард, ки ин амволро Назарбоеваи "аз нигоҳи иқтисодӣ мустақил" ба даст овардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио