Хоҳарзодаи Назарбоев омодагияшро барои “ҳадя”-и саҳмияҳои “Қазоқтелеком” ба давлат эълон кардааст

Раиси бунёди "Самрук-Хазина" Алмасадам Саткалиев дар бораи тақдири саҳмияҳои ширкати миллии мухобиротии "Қазоқтелеком" иттилоъ дод. Пештар ҳукумати Қазоқистон қарор қабул кард, ки 28,8 дарсад саҳмияҳои ширкати мазкур ба давлат баргардонида шаванд. Ин саҳмияҳоро Кайрат Сатибалдӣ, хоҳарзодаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар ихтиёр дошт. "Ба иттилои мо, Кайрат Сатибалдӣ омода аст, ин саҳмиҳояро ба ба […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Раиси бунёди "Самрук-Хазина" Алмасадам Саткалиев дар бораи тақдири саҳмияҳои ширкати миллии мухобиротии "Қазоқтелеком" иттилоъ дод.

Пештар ҳукумати Қазоқистон қарор қабул кард, ки 28,8 дарсад саҳмияҳои ширкати мазкур ба давлат баргардонида шаванд. Ин саҳмияҳоро Кайрат Сатибалдӣ, хоҳарзодаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар ихтиёр дошт.

"Ба иттилои мо, Кайрат Сатибалдӣ омода аст, ин саҳмиҳояро ба ба ҳукумат "туҳфа" кунад", – гуфт Алмасадам Саткалиев, раиси бунёди "Самрук-Хазина".

Кайрат Сатибалдӣ 13 марти соли ҷорӣ бо айби "сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва ғорати дороиҳои ширкати "Қазоқтелеком" дар ҳаҷми махсусан калон" боздошт шуд ва айни замон дар ҳабс қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст