167 ҳазор: шумораи гирифторшавии якрӯза ба коронавирус дар Курёи Шимолӣ

Мақоқоти Куриёи Шимолӣ эълом карданд, ки дар як шабонарӯзи ахир дар он кишвар 167ҳазору 650 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ё "COVID-19" ошкор шудааст. Дар ин бора Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Куриёи Шимолӣ иттилоъ додааст. Ба огаҳии идора, дар шабонарӯзи гузашта танҳо як нафар бар асари коронавирус ҷон бохтааст. Ин беморӣ дар Куриёи Шимолӣ расман "табларза" номида […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Мақоқоти Куриёи Шимолӣ эълом карданд, ки дар як шабонарӯзи ахир дар он кишвар 167ҳазору 650 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ё "COVID-19" ошкор шудааст.

Дар ин бора Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Куриёи Шимолӣ иттилоъ додааст. Ба огаҳии идора, дар шабонарӯзи гузашта танҳо як нафар бар асари коронавирус ҷон бохтааст.

Ин беморӣ дар Куриёи Шимолӣ расман "табларза" номида мешавад. Бино ба омори идораи мазкур, аз охирҳои моҳи апрели соли равон то ҳол дар он кишвар 2,8 миллион одам ба вируси нав гирифтор шуда, 68 кас ҷон бохтааст.

Мақомоти Куриёи Шимолӣ ибтидои моҳи майи соли равон бори нахуст эътироф карданд, ки гирифторӣ ба коронавирус дар он кишвар ошкор карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.