Ширкатҳои русӣ тобути шаҳрвандони Қирғизистонро аз Русия минбаъд ройгон меоранд

Date:

Тибқи як созишномаи ҳосилшуда миёни Қирғизистон ва Русия аз ин ба баъд тобут ё “Бори-200”-и қирғизҳо ройгон ба ватанашон оварда мешавад. Дар ин бора расонаҳои қирғизӣ бо истинод ба сафорати ин кишвар дар Русия хабар додаанд.

Гуфта мешавад ширкати ҳавоии “Уральские авиалинии” тобут ё бори “груз-200”-и шаҳрвандони Қирғизистонро аз Русия аз ин ба баъд ройгон меорад. Қаблан Агентии давлатии ҳавонавардии шаҳрвандии Қирғизистон бо ширкати ҳамтои худ аз Русия музокироте анҷом дода ва дар ниҳоят 17-уми май ба созиш расидаанд, ки аз чанд шаҳри Русия тобути қирғизҳо ройгон ба ватан оварда мешавад.

Ба ин тартиб, тибқи ин созишнома “Бори-200” тариқи хатсайрҳои Челябинск-Ош, Уфа-Ош, Минеральные воды–Ош, Нижневартовск-Ош, Қазон–Ош, Самара-Ош, Сочи-Ош ва Самара–Бишкек, Сочи–Бишкек ба Қирғизистон бепул оварда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди сафорати Қирғизистон, сарфи назар аз интиқоли ройгони бори-200, нафари ирсолкунандаи бор бояд харҷи платформаи ҳавопаймо ва харҷи фурудгоҳро пардохт кунад. 

Дар Тоҷикистон ҳам бар асоси як дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, тобути фавтидаи шаҳрвандони кишвар дар Русия ё "Бори 200" аз сӯйи ширкати "Тоҷик Эйр" ройгон оварда мешуд, аммо пас аз варшикаста шудани ин ширкат, ҳоло аз ҷониби ширкати "Сомон Эйр" ҳам ройгон оварда мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...