Ширкатҳои русӣ тобути шаҳрвандони Қирғизистонро аз Русия минбаъд ройгон меоранд

Тибқи як созишномаи ҳосилшуда миёни Қирғизистон ва Русия аз ин ба баъд тобут ё “Бори-200”-и қирғизҳо ройгон ба ватанашон оварда мешавад. Дар ин бора расонаҳои қирғизӣ бо истинод ба сафорати ин кишвар дар Русия хабар додаанд. Гуфта мешавад ширкати ҳавоии “Уральские авиалинии” тобут ё бори “груз-200”-и шаҳрвандони Қирғизистонро аз Русия аз ин ба баъд ройгон меорад. […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Тибқи як созишномаи ҳосилшуда миёни Қирғизистон ва Русия аз ин ба баъд тобут ё “Бори-200”-и қирғизҳо ройгон ба ватанашон оварда мешавад. Дар ин бора расонаҳои қирғизӣ бо истинод ба сафорати ин кишвар дар Русия хабар додаанд.

Гуфта мешавад ширкати ҳавоии “Уральские авиалинии” тобут ё бори “груз-200”-и шаҳрвандони Қирғизистонро аз Русия аз ин ба баъд ройгон меорад. Қаблан Агентии давлатии ҳавонавардии шаҳрвандии Қирғизистон бо ширкати ҳамтои худ аз Русия музокироте анҷом дода ва дар ниҳоят 17-уми май ба созиш расидаанд, ки аз чанд шаҳри Русия тобути қирғизҳо ройгон ба ватан оварда мешавад.

Ба ин тартиб, тибқи ин созишнома “Бори-200” тариқи хатсайрҳои Челябинск-Ош, Уфа-Ош, Минеральные воды–Ош, Нижневартовск-Ош, Қазон–Ош, Самара-Ош, Сочи-Ош ва Самара–Бишкек, Сочи–Бишкек ба Қирғизистон бепул оварда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди сафорати Қирғизистон, сарфи назар аз интиқоли ройгони бори-200, нафари ирсолкунандаи бор бояд харҷи платформаи ҳавопаймо ва харҷи фурудгоҳро пардохт кунад. 

Дар Тоҷикистон ҳам бар асоси як дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, тобути фавтидаи шаҳрвандони кишвар дар Русия ё "Бори 200" аз сӯйи ширкати "Тоҷик Эйр" ройгон оварда мешуд, аммо пас аз варшикаста шудани ин ширкат, ҳоло аз ҷониби ширкати "Сомон Эйр" ҳам ройгон оварда мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.