Рақибони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023 муайян шуданд

Дар маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба гурӯҳи «I» шомил шуд. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дастаҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур ҳарифони ҷавонони мо дар ин мусобиқот гаштанд. Гуфта мешавад, бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «I» аз 14 то 18 сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд. Зикр мегардад, ки ғолибони […]

Asia-Plus

Дар маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба гурӯҳи «I» шомил шуд.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дастаҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур ҳарифони ҷавонони мо дар ин мусобиқот гаштанд.

Гуфта мешавад, бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «I» аз 14 то 18 сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд.

Зикр мегардад, ки ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола:

Гурӯҳи «А»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Чин, Мянмар, Малдив, Ӯзбекистон.

Гурӯҳи «В»: Қатар, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Непал, Бутан.

Гурӯҳи «C»: Ҷопон, Яман, Фаластин, Лаос (мизбон), Гуам.

Гурӯҳи «D»: Урдун (мизбон), Тайбейи Чин, Сурия, Туркманистон, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ.

Гурӯҳи «Е»: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Муғулистон (мизбон), Шри-Ланка.

Гурӯҳи «F»: Индонезия (мизбон), Ветнам, Ҳонконг, Тимори Шарқӣ.

Гурӯҳи «G»: Тайланд, Уммон (мизбон), Филиппин, Афғонистон.

Гурӯҳи «H»: Австралия, Ироқ (мизбон), Ҳиндустон, Кувайт.

Гурӯҳи «I»: ТОҶИКИСТОН (мизбон), Камбоҷа, Лубнон, Сингапур.

Гурӯҳи «J»: АМА, Эрон, Қирғизистон (мизбон), Бруней.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.