Дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум ба фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар самти сатҳу сифати хизматрасонӣ ва таъмини ғизои мусофирон таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он ҷалб намуд, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ ва таъмини ғизои мусофирон дар ҳавопаймоҳо ба талабот ҷавобгӯ нест.
Гуфта мешавад, бо дарназардошти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии авиатсияи гражданӣ ва боло бурдани нуфузи ширкатҳои ватании соҳаи авиатсияи гражданӣ дар арсаи байналмилалӣ, ба кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ дастур дода шуд, ки масъалаи мазкурро бо инобати таҷрибаи ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ омӯхта, ҷиҳати таҷдиди назар кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.
Қаблан мусофирони парвозҳои чартерӣ аз таъмини ғизо ҳангоми парвоз дар ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон шикоят карданд. Бо вуҷуди арзиши баланди билет, пули хӯрок ба он дохил нашуда, бо пардохти маблағи иловагӣ мусофирон танҳо обу як пораи начандон калони нон (булка) бо ҳасибро харида метавонистанду халос.
Дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ инчунин дигар масъалаҳое, ки ҳаллашон зарур аст, низ баррасӣ шуданд.
Аз ҷумла масоили таъмини сатҳи баланд ва саривақтии пешниҳоди кумаки тиббӣ (таъмини табибон бо асбобу лавозимоти зарурӣ, маводи тиббӣ ва доруворӣ, ташхиси дурусти беморӣ, беҳбуди сатҳи кумаки тиббии аввалия ва ғайра) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар идома Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёни иҷлосияро ба масъалаи мавҷуд набудани рақобати солим байни ширкатҳои давлативу хусусӣ ва хориҷӣ дар соҳаи истеҳсоли мол ва пешниҳоди хизматгузориҳо ҷалб намуда, қайд кард, ки яке аз омилҳои чунин ҳолат камфаъолиятии сохторҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои бозорӣ ба ҳисоб меравад.
Доир ба мушкилоти дар боло зикршуда раиси Маҷлиси миллӣ ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки ин масоилро мавриди омӯзиш қарор дода, дар бораи тағйири вазъ дар ин самтҳо таклифу пешниҳодҳо омода кунанд.
Дар рӯзномаи иҷлосия баррасии 38 масъала зикр шуда буд. Аз ҷумла, як қатор қонунҳое низ баррасӣ шуданд, ки ба беҳбуди вазъ дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ, таҳкими заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ ва ғайра равона гардидаанд.
Ҳамчунин дар иҷлосия бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ қарор қабул шуд, ки номи ҷамоати Шитхарви ноҳияи Ишкошими ВМКБ ба ҷамоати Вахон иваз карда шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.