Ширкати 9 паҳлавони тоҷик дар мусобиқоти Tbilisi Grand Slam 2022

Дар мусобиқаи варзишии Тоскулоҳи бузурги Тифлис ё Tbilisi Grand Slam 2022 , ки аз 3 то 5 июн дар пойтахти Гурҷистон баргузор мегардад, Тоҷикистонро 9 ҷудокори ҷавон муаррифӣ хоҳанд кард. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки дар ин мусобиқа 287 ҷудокор аз 38 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Гуруҳи фейсбукии "Tajik sport" […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар мусобиқаи варзишии Тоскулоҳи бузурги Тифлис ё Tbilisi Grand Slam 2022 , ки аз 3 то 5 июн дар пойтахти Гурҷистон баргузор мегардад, Тоҷикистонро 9 ҷудокори ҷавон муаррифӣ хоҳанд кард. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки дар ин мусобиқа 287 ҷудокор аз 38 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.

Гуруҳи фейсбукии "Tajik sport" ному насаби паҳлавони тоҷикро, ки дар ин сабқатҳо ширкат мекунанд, нашр кардааст.

Шаҳбоз Саидаброров яке аз ширкаткунадагони ин мусобиқот аст, ки соли гузашта ҳам ин мусобиқа дар вазни – 60 кг ширкат ва соҳиби медали биринҷӣ гардида буд. Шаҳбоз акнун дар – 66 кг ҳунарнамоӣ мекунад.

Имсол, Тоҷикистонро дар вазни – 60 кг дар ин мусобиқа барандаи медали биринҷии Ҷоми ҷавонони Осиё Эмомалии Нуралӣ намояндагӣ хоҳад кард .

Маҳмадшариф Наҷмиддинов, қаҳрамони самбои ҷавонони ҷаҳон, мулаққаб ба "Хирс" дар вазни – 73 кг баромад мекунад. Сарахонов Маҳмадраҳим, ки дар гузашта дар Гранд Слами Боку, Абузаби ва Ҷоми Африқо ширкат намуда буд, аз дигар ширкаткунандагони вазни -73 кг ин мусобиқа мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар вазни – 81 кг Шодмон Ризоев ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов дар ин мусобиқа ширкат мекунанд. Кароматулло Ҳакимови 28-сола, ки дар гузашта чанд бор қаҳрамони ҷудои Тоҷикистон шудааст, дар вазни – 90 кг дар ин мусобиқа ба майдон меояд.

Абубакри Акобир ва Мансури Раҳмон, ки ҳарду унвони қаҳрамони ҷудои Тоҷикистон доранд, дар вазни – 100 кг дар ин мусобиқа ширкат хоҳанд кард.

Ширкати 9 ҷудокори ҷавони тоҷик дар яке аз мусобиқаҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳолест, ки дар гузашта дар чунин мусобиқаҳо варзишгарони номдор ва ботаҷриба ширкат мекарданд ва шояд ин бори аввал аст, ки чеҳраҳои наву ҷавон Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунанд.

То ҳол, Тоҷикистон аз мусобиқоти Гранд Слам нуҳ медал дорад, ки чаҳортояш мутаалиқ ба Темур Раҳимов ва яктоӣ Сомон Маҳмадбеков, Беҳрузи Хоҷазода, Саидаброров Шаҳбоз, Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио