Дар Тошканд Чемпионати футболи Осиё-2022 байни мунтахабҳои ҷавонон оғоз мешавад

Date:

Имрӯз дар Ӯзбекистон мусобиқаи Чемпионати футболи Осиё-2022 байни мунтахабҳои ҷавонон ё худ мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оғоз мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон бозии аввали худро рӯзи 3 июн бо дастаи Арабистони Саудӣ мегузаронад.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев рӯзи 30 май вориди шаҳри Тошканд шуд.

Гуфта мешавад, ба ҳайати ниҳоии мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2022 22 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар шомил карда шуд.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо дастаҳои Арабистони Саудӣ (3 июн), Амороти Муттаҳидаи Араб (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) мебошанд..

Бозии аввали футболбозони тоҷик дар ин мусобиқа рӯзи 3 июн дар варзишгоҳи “Локомотив”-и шаҳри Тошканд бо тими Арабистони Саудӣ доир гардида, вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мешавад.

Дар рӯзи аввали мусобиқа (3 июн) ҳамчунин бозиҳо байни дастаҳои Эрон – Қатар, Ӯзбекистон – Туркманистон дар гуруҳи “А”, Австралия – Кувейт ва Урдун – Ироқ дар гуруҳи “В” баргузор мешаванд.

Чемпионати Осиё оид ба футбол байни мунтахабҳои ҷавонон 2022 (AFC U23 Championship 2022) маротибаи панҷум аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё гузаронида мешавад. Ба иштирок дар ин мусобиқа футболбозони пас аз 1 январи соли 1999 таваллудшуда ҳуқуқ доранд.

Қобили зикр аст, ки ин мусобиқа дар Ӯзбекистон бояд аз 6 то 24 январи соли 2022 баргузор мешуд, лекин бар асари пандемияи COVID-19 ба моҳи июни соли 2022 мавқуф гузошта шуд. Дар ин мусобиқа ҳамагӣ 16 даста иштирок мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...