Дар Ӯзбекистон ба дунболи орд маҳсулоти дигари хӯрокӣ ҳам гарон шудаанд

Таҷрибаи хариди гандум аз деҳқонон бо қимати бозор боиси гаронии на танҳо орду "хлеб", балки дигар маҳсулот гардид. Шуруъ аз 1 июн қимати "хлеб" дар мағозаҳои шаҳри Тошканди Узбекистон аз 1600 сӯм ба 2800 сӯм расид. Ба ин тартиб, "хлеб" якбора 80 дарсад гарон шуд. Ба дунболи он дигар навъи маҳсулоте, ки аз орд омода […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Таҷрибаи хариди гандум аз деҳқонон бо қимати бозор боиси гаронии на танҳо орду "хлеб", балки дигар маҳсулот гардид.

Шуруъ аз 1 июн қимати "хлеб" дар мағозаҳои шаҳри Тошканди Узбекистон аз 1600 сӯм ба 2800 сӯм расид. Ба ин тартиб, "хлеб" якбора 80 дарсад гарон шуд. Ба дунболи он дигар навъи маҳсулоте, ки аз орд омода мешавад, 30-40 дарсад гарон шуд.

Ҳамакнун кишоварзон дар Узбекистон як кило гандумро 3 ҳазор сӯм (муодили 0,27 доллар) мефурӯшанд. Дар ҳоле, ки соли гузашта гандум дар Узбекистон 1850 сӯм хариду фурӯш мешуд.

​Ба далели ҷанги Русия зидди Украина дар ҳоли ҳозир бозори ҷаҳониро камбуди гандум таҳдид мекунад. Дар пайи камбуди гандум эҳтимол дорад, қимати маҳсулоти ғизоӣ ва ниёзи аввал боло равад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио