Ҳушдор: дар пайи ҷанг дар Укроин эҳтимоли афзоиши силу СПИД зиёд аст

Бунёди ҷаҳонии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ё СПИД, сил ва вараҷа пешбинӣ дорад, ки мумкин аст, ба далели ҷанг дар Укроина ин навъи бемориҳо афзоиш ёбанд. Ин афзоиш дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ пешбинӣ мешавад. Дар ин бора мудири бунёд Питер Сэндс дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод. Сэндс гуфт, ҳоло […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Бунёди ҷаҳонии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ё СПИД, сил ва вараҷа пешбинӣ дорад, ки мумкин аст, ба далели ҷанг дар Укроина ин навъи бемориҳо афзоиш ёбанд. Ин афзоиш дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ пешбинӣ мешавад.

Дар ин бора мудири бунёд Питер Сэндс дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод.

Сэндс гуфт, ҳоло аз рақамҳои дақиқе хабар додан барвақт аст, аммо бунёд пешбинӣ мекунад, ки ҷанг дар Укроина ба афзоиши гирифторӣ ба ВНМО ва сил дар Аврупои Шарқиву Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард. "Муҳоҷирати дастаҷамъӣ, ҷойгирсозии гурезаҳо дар биноҳои танг ва қатъи кӯмаки тиббӣ боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ мегардад", – гуфт мудири Бунёди ҷаҳонӣ.

Сэндс илова кардааст, ки ба далели ҳамлаи Русия ба Укроина бисёре аз Укроинҳо аз кӯмаки тиббӣ маҳрум шуданд ва барномаҳои пешгириву табобатӣ қатъ гардиданд. "Бештар аз 150 муассисаи тиббӣ зарар диданд ва ё тахриб шуданд. Пизишкону беморон маҷбур шуданд, ки фирор кунанд, бархеҳо захмӣ ва ё кушта шуданд. Чунин ҳолат махсусан барои гирифторони ВНМО ва сил хатарнок аст. Ҳаёти инҳо аз истифодаи доимии дору вобаста аст", – гуфт Сэндс.

Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то ҳамлаи Русия дар Укроина наздики 260 ҳазор кас ба ВНМО гирифтор буд. Аз рӯи теъдоди гирифторони ВНМО Укроина, баъд аз Русия, миёни кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар ҷойи дувум қарор дошт.

Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар соли 2020 дар Укроина наздики 20 ҳазор кас ба сил гирифтор буд. Ин яке аз болотарин нишондодҳо миёни кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.