Изҳороти Содир Ҷабборов: роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон дар 3-4 соли оянда сохта мешавад

Сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон соли оянда шуруъ мешавад. Дар ин бора Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 8 июн хабар дод. Вай гуфт, ки айни замон асосноксозии иқтисодиву техникии лоиҳа идома дорад. "Дар сурате, ки агар асосноксозӣ тирамоҳ ба анҷом расад, сохтмон соли оянда шуруъ мешавад. Ин роҳ дар давоми 3-4 сол сохта хоҳад шуд, агар […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон соли оянда шуруъ мешавад. Дар ин бора Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 8 июн хабар дод.

Вай гуфт, ки айни замон асосноксозии иқтисодиву техникии лоиҳа идома дорад.

"Дар сурате, ки агар асосноксозӣ тирамоҳ ба анҷом расад, сохтмон соли оянда шуруъ мешавад. Ин роҳ дар давоми 3-4 сол сохта хоҳад шуд, агар се кишвар дар якҷоягӣ кор кунанд. Даромад аз ин роҳ на камтар аз 200 млн доллар хоҳад буд", – гуфт Ҷабборов.

Пештар аз ин раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов гуфта буд, ки сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон тирамоҳи соли 2022 оғоз мешавад.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон низ гуфта буд, ки дар фурсатҳои наздик сохтмони роҳи оҳан оғоз мегардад.

Ташаббуси сохтмони роҳи оҳани мазкур ҳанӯз солҳои 2000 рӯи даст гирифта шуда буд. Аммо то ин замон ин тарҳ ба марҳилаи иҷро надаромадааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.