Суд аз муҷозоти домоди ба сари арӯс муштбардошта дар Ӯзбекистон даст кашид

Дар Ӯзбекистон мақомоти судӣ аз муҷозоати ҷавоне, ки дар вақти тӯй ба сари арӯс мушта бардошта буд, даст кашид, зеро арӯс аз даъвояш гузашта, аризаашро бозпас гирифтааст, хабар медиҳад Газета.uz. Дар мурофиаи маъмурӣ мард узр пурсида, ваъда додааст, ки ин амал дигар такрор намешавад. "Худамро дошта натавонистам, дастам ногаҳон рафт. Нофаҳмӣ байни мо бартараф шуда, […]

Asia-Plus

Дар Ӯзбекистон мақомоти судӣ аз муҷозоати ҷавоне, ки дар вақти тӯй ба сари арӯс мушта бардошта буд, даст кашид, зеро арӯс аз даъвояш гузашта, аризаашро бозпас гирифтааст, хабар медиҳад Газета.uz.

Дар мурофиаи маъмурӣ мард узр пурсида, ваъда додааст, ки ин амал дигар такрор намешавад.

"Худамро дошта натавонистам, дастам ногаҳон рафт. Нофаҳмӣ байни мо бартараф шуда, тӯй идома ёфт. Ман аз арӯс узр пурсидам. Ин амал дигар такрор намешавад”, – гуфтааст домод.

Модари духтар тасдиқ намудааст, ки домодаш узр пурсидааст. Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки тӯй пас аз узрпурсиҳо аз ҷониби наздикону хешовандони домод идома ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки пас аз нашри навори видео мақомоти пулис нисбати мард бо моддаи “Майдаавбошӣ” парвандаи маъмурӣ боз карда буд, ки тибқи ин модда ба ӯ ҷазои то 15 шабонарӯз ҳабс ё ҷарима таъин шуда метавонист.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои як тӯй дар Ӯзбекистон нашр шуд, ки навхонадорон дар озмун иштирок доштанд. Дар ин озмун арӯс ғолиб омада, ин кор ба домод маъқул намешавад ва ҷавон дар ғазаб шуда, ба пушти гардани арӯс сахт зарба мезанад. Ин навор сарусадои зиёде ба бор оварда, онро натанҳо дар Ӯзбекистон, балки дар хориҷи кишвар баррасӣ ва дар шабакаҳои телевизионӣ намоиш доданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.