Аз таркиши гази моеъ дар қаҳвахонаи «Лола» 1 нафар маҷруҳ шуд

Date:

Субҳи имрӯз, 20 июн дар Қаҳвахонаи «Лола» -и  пойтахт гази моеъ таркидааст, ки дар натиҷа як нафар ҷароҳат бардоштааст.

Бино ба иттилои ВКД, таркиши гази моеъ дар қаҳвахонаи мазкур бар асари риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ соати 09:20 дақиқа ба вуқуъ омада, дар масоҳати 5 метри мураббаъ дохили қаҳвахонаро оташ фаро гирифт.

Дар натиҷа 1 нафар шаҳрванд ҷароҳати сӯхтаи бадан бардоша, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Гуфта мешавад, ки сӯхтор аз тарафи оташнишонон базудӣ дар масоҳати аввалааш хомӯш карда шуд.

Қаҳвахонаи «Лола», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 13-и шаҳри Душанбе ҷойгир шуда, ба соҳибкор Додхоҳ Муродалиев, соли таваллудаш 15 июни соли 1970 тааллуқ дорад.

Санҷиши сабабҳои сар задани сӯхтор дар қаҳвахона аз тарафи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва прокуратураи шаҳри Душанбе идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...