Чор духтар. Дар вилояти Суғд чоргоникҳои навбатӣ ба дунё омаданд

Date:

Як зани 27-сола аз ҷамоати марзии Чоркӯҳи Исфара 10-уми июн чоргоник таваллуд кардааст. Навзодон ҳама духтарча буда, бо усули буриши қайсарӣ дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ба дунё омадаанд.

Телевизиони маҳаллии СМ-1 дар як гузориши видеоӣ аз модари чоргоникҳо Мавзуна Сангинова ном бурдааст, ки аз ҳомиладории аввалин писарча ба дунё оварда буд. Ба чоргоникҳо Фотима, Зӯҳро, Аниса ва Мӯниса ном гузоштаанд. Табибон мегӯянд онҳо бо вазни мутаносибан 1,6 кг, 1,8 кг, 1,38 кг ва 1,18 кг ба дунё омаданд.

Гуфта мешавад, вазъи саломатии тифлон пас аз таваллуд вазнин буд ва чанд рӯз зери дастгоҳ қарор доштанд.

“Кӯдакон пеш аз мӯҳлат таваллуд шуданд ва ҳангоми таваллуд вазъи саломатияшон вазнин буд. Норасогии нафас мушоҳида мешуд, ба шӯъбаи интенсивӣ ҷойгир кардем ва ҳоло норасоии нафас бартараф шуда ба шӯъбаи кӯдакон интиқол ёфтанд”,- мегӯяд Зарина Қодирова, мудири шӯъбаи навзодони Таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Ин аввалин ҳолати таваллуди чоргоник дар вилояти Суғд нест. Соли 2018 Назокат Ҳодибоеваи 35-сола, сокини ҷамоати Овчӣ Қалъаи Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чоргоник таваллуд карда буд – се писар ва як духтар. Соли 2020 як модари 30-сола аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон панҷгоник ба дунё оварда буд, ки бори аввал дар Тоҷикистон буд. Навзодон ду писару 3 духтарча буданд.

Дар зоишгоҳи шаҳри Хуҷанд давоми имсол 1833 тифл ба дунё омадааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 204 нафар зиёд аст. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...