Дар хориҷа истироҳат кардан мехоҳед? Ба кадом давлатҳо бе раводид рафтан мумкин аст?

Дар Тоҷикистон мавсими рухсатиҳои тобистона оғоз гардид. Аксарият роҳу воситаҳои осони сафар ба кишварҳои хориҷиро интихоб мекунанд, то ки дар омода кардани ҳуҷҷатҳо душворӣ накашанд. Бо такя ба маълумоти радабандии шиносномаҳо, бароятон тартибу қоидаҳои сафар ба кишварҳои хориҷиро пешкаш мекунем. Тибқи маълумоти «Passportindex», тоҷикистониён бидуни таҳияи раводид (виза) ба 21 кишвари ҷаҳон сафар карда метавонанд. […]

Дар Тоҷикистон мавсими рухсатиҳои тобистона оғоз гардид. Аксарият роҳу воситаҳои осони сафар ба кишварҳои хориҷиро интихоб мекунанд, то ки дар омода кардани ҳуҷҷатҳо душворӣ накашанд.

Бо такя ба маълумоти радабандии шиносномаҳо, бароятон тартибу қоидаҳои сафар ба кишварҳои хориҷиро пешкаш мекунем.

Тибқи маълумоти «Passportindex», тоҷикистониён бидуни таҳияи раводид (виза) ба 21 кишвари ҷаҳон сафар карда метавонанд. Дар 42 давлат бо расидан ба ин ҷойҳо раводид гирифта мешавад. Дар 3 кишвар иҷозатномаи электронӣ талаб шуда, ба 132 кишвар агар раводид надошта бошед, ба вуруд иҷоза намешавад.

Бо кадом кишварҳо реҷаи бе раводид амал мекунад?

Тоҷикистон бо Антигуа ва Барбуда, Арманистон, Озарбойҷон, Барбадос, Беларус, Доминикана, Эквадор, Гамбия, Гурҷистон, Гаити, Қазоқистон, Малайзия, Молдова, Намибия, Фаластин, Филиппин, Русия, Сент-Винсент ва Гренадина, Туркия, Украина ва Ӯзбекистон реҷаи сафари бидуни раводид дорад.

Дар кадом кишварҳо бо расидан ба он ҷо раводид медиҳанд?

Ангола, Бангладеш, Боливия, Бурунди, Камбоҷа, Кабо-Верде, Комори, Конго, Куба, Ҷибути, Эфиопия, Габон, Гвинея, Гвинея-Бисау, Эрон, Ямайка, Урдун, Лаос, Лубнон, Лесото, Мадагаскар, Малави, Малдив, Мавритания, Маврикий, Мозамбик, Непал, Никарагуа, Нигерия, Палау, Руанда, Самоа, Ҷазираҳои Сейшел, Серра-Леоне, Сомали, Судони Ҷанубӣ, Суринам, Тимори Шарқӣ, Того, Тувалу, Уганда, Зимбабве.

Ба кадом кишварҳо барои сафар иҷозатномаи электронӣ талаб мешавад?

Покистон, Кот-д’Ивуар, Шри-Ланка

Кадом кишварҳо барои тоҷикистониён барои гузаронидани рухсатӣ ҷолибанд?

Аксарияти шаҳрвандони мо рухсатиашонро дар дохили кишвар мегузаронанд. Лекин шахсоне ҳам ҳастанд, ки барои дар берун аз ҳудуди кишвар гузаронидани рухсатии худ имкон доранд. Дар ин масъала сатмҳои писандида барои тоҷикистониён – Туркия, Дубай, Ӯзбекистон, Кипр, Малдив ва дигар самтҳо мебошанд.

Зимни ворид шудан ба Туркия ва Дубай ПСР-тест талаб мешавад?

Дар Дубай ба мисли пешин зимни вуруд ПСР-тест талаб шуда, Туркия бошад, аз 1 июн ин талаботро бекор кард.

Дар Ӯзбекистон маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус вуҷуд дорад?

Надорад. Аз 10 июн Ӯзбекистон ҳамаи маҳдудиятҳои муваққатии марбут ба коронавирус барои вуруд ба Ӯзбекистон бо роҳи ҳавоӣ ва заминиро бекор кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.