Медали биринҷии Моҳру Ҳалимова дар Чемпионати Осиё

Рӯзҳои 24-27 июн дар шаҳри Чунчеони Кореяи Ҷанубӣ Чемпионати Осиё оид ба таэквондо доир гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат карданд. Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар рӯзи охири чемпионат варзишгари тоҷик Моҳру Ҳалимова дар вазни -67кг миёни бонувон медали биринҷӣ ба даст овард. “Моҳру муҳорибаро аз даври чорякфинал оғоз карда, […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Рӯзҳои 24-27 июн дар шаҳри Чунчеони Кореяи Ҷанубӣ Чемпионати Осиё оид ба таэквондо доир гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат карданд.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар рӯзи охири чемпионат варзишгари тоҷик Моҳру Ҳалимова дар вазни -67кг миёни бонувон медали биринҷӣ ба даст овард.

“Моҳру муҳорибаро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Қатар Марам Фетнасси пирӯз шуд, вале дар нимфинал аз варзишгари Урдун Ҷулиана Ал-Содиқ мағлуб гардида, ҷои сеюмро гирифт”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, ин медали чоруми Моҳру Ҳалимова дар Чемпионати Осиё мебошад. Ӯ соли 2016 медали нуқра ва солҳои 2018, 2021 медали биринҷии Чемпионати Осиёро сазовор гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, боз 5 нафар намояндагони Тоҷикистон дар даврҳои аввали мусобиқа ба нокомӣ дучор шуданд.

 Зимнан зикр мегардад, ки дар Чемпионати 25-уми Осиё 229 варзишгар аз 33 давлати қора ширкат карданд.

Дар ҳисоби даставӣ мунтахаби Тоҷикистон бо касби як медали биринҷӣ ҳамроҳи 7 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷопон зинаи 10-умро ишғол намуд.

Дасти Кореяи Ҷанубӣ (10 медал, аз ҷумла 5 медали тилло) ба зинаи аввал, Ӯзбекистон (7 – 4) – ба мақоми дуюм ва Эрон (10-3) – ба ҷойи сеюм соҳиб шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.