Кадом роҳҳои пойтахт зимни сафари Путин муваққатан баста мешаванд?

Президенти Русия Владимир Путин имрӯз ҷиҳати дидору гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе меояд. Тавре ки интизорӣ меравад, ҳавопаймои президенти Русия соати 17:00 ба Душанбе фуруд меояд. Дар Раёсати БДА шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки зимни сафари меҳмони воломақом ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе муваққатан маҳдуд мешавад. Аз соати […]

Президенти Русия Владимир Путин имрӯз ҷиҳати дидору гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе меояд. Тавре ки интизорӣ меравад, ҳавопаймои президенти Русия соати 17:00 ба Душанбе фуруд меояд.

Дар Раёсати БДА шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки зимни сафари меҳмони воломақом ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе муваққатан маҳдуд мешавад.

Аз соати 15:00 аз фурудгоҳ то маркази шаҳр ва як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт роҳҳо баста мешаванд.

“Аз ҷумла, аз қитъаи кӯчаи Аҳмади Дониш то буриши кӯчаи Айни ба ҳаракати нақлиёт иҷоза дода намешавад. Роҳи хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Камаров пурра баста мешавад. Ҳамчунин аз кӯчаи Исмоили Сомонӣ то маҳаллаи Қарияи Боло ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд мешавад”, – изҳор намуданд дар қисми навбатдории Раёсати БДА дар шаҳри Душанбе.

Раёсати БДА-и пойтахт аз сокинон ва меҳмонони пойтахт дархост мекунад, ки ин омилҳоро ба назар гирифта, зимни ба ҷое рафтан аз роҳи кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурӣ хабар доданд, Владимир Путин бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон меояд.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо дар Душанбе масоили рӯзмарраи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва рушди минбаъдаи онҳо дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Инчунин зимни гуфтушунид масъалаи ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) пайвастани Тоҷикистон низ мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.