Дар Новая Москва муҳоҷирон бо посбонҳо занозанӣ карданд

Дар назди яке аз маҷмааи истиқоматӣ дар деҳаи Коммунаркаи Москваи Нав ҳудуди 10 нафар муҳоҷирон ва посбонҳо ҷанҷолу занозанӣ карданд. Дар ин бора ба ТАСС рӯзи сешанбе як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст. “Муноқишаи шифоҳӣ байни муҳоҷирон ва посбонҳо ба ҷанҷолу занозании гуруҳӣ табдил ёфта, дар ҷараёни он иштирокчиён аз ҷӯбдастҳо истифода карданд. […]

Asia-Plus

Дар назди яке аз маҷмааи истиқоматӣ дар деҳаи Коммунаркаи Москваи Нав ҳудуди 10 нафар муҳоҷирон ва посбонҳо ҷанҷолу занозанӣ карданд. Дар ин бора ба ТАСС рӯзи сешанбе як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст.

“Муноқишаи шифоҳӣ байни муҳоҷирон ва посбонҳо ба ҷанҷолу занозании гуруҳӣ табдил ёфта, дар ҷараёни он иштирокчиён аз ҷӯбдастҳо истифода карданд. Дар ҷанҷол ҳамагӣ дастикам 10 нафар иштирок доштанд”, – гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ. Илова шудааст, ки дар бораи осебдидагон маълумот нарасидааст.

Дар хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар Маскав ба ТАСС тасдиқ кардаанд, ки шоми 27 июн ба мақомоти пулис дар бораи вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳраки Коммунарка хабар расидааст.

“Замони омадани кормандони пулис муноқишагарон ҷойи ҳодисаро тарк карда буданд. Айни замон кормандони пулис ба муайян кардани шахсияти афроди номаълум машғул буда, минбаъд масъалаи ҷалби онҳо ба ҷавобгарӣ мувофиқи қонун баррасӣ мешавад”, – гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки Telegram-канал «Многонационал» хабар медиҳад, ҷанҷол байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рух додааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар назди маҷмааи истиқоматии “Новая звезда” байни ду мард муноқиша сар зада, бо шунидани доду фарёд боз чанд нафари дигар ба ин ҷо меоянд ва занозанӣ шуруъ мешавад. Дар ҷанҷол аз сангу чӯбдастҳо истифода шудааст. Тавре ки шоҳидони ҳодиса хабар додаанд, дар ҷанҷол посбонҳо ҳам иштирок кардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.