Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ корхонаи муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис медиҳанд

Date:

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода 30 июн бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқт Саъдӣ Каримзода зикр кард, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ дар марҳилаи рушд қарор дошта бошанд ҳам, ҷиҳати тақвияти онҳо манфиати мутақобила, хоҳиши тарафайн ва иқтидори бузург мавҷуд аст.

“Хусусиятҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ дар замони ҳозира, амалӣ намудани барномаю лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо мақсади афзун намудани гардиши савдои маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани иқтидорҳои содиротӣ мебошад”, – иброз дошт ӯ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саъдӣ Каримзода

Валид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон доир ба содироти молу маҳсулоти соҳаи кишоварзи Тоҷикистон аз қабили сабзавот, меваҳои тару хушк ва чорво,  ки аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд ҳавасмандии хешро иброз намуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар рӯзҳои наздик Созишнома ва Ёддошти тафоҳум байни Вазоратҳои кишоварзии давлатҳо доир ба ҳамкориҳо барои  ташкил намудани корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили корхонаҳои истеҳсоли шарбати мева ва хушконидани мева бо мақсади содироти минбаъда ба Арабистони Саудӣ ё ба давлати сеюм, ҷалби сармояи бахши хусусии Арабистони Саудӣ ташкил намудани гармхонаҳо, анбор ва сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот бо назардошти содирот ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, тақвият додани ҳамкориҳо дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва содироти минбаъдаи асал ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҳамкорӣ оид ба ҷалби сармоягузории мустақими Арабистони Саудӣ дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионии афзалиятнок ба имзо расонанд.

Зимнан зикр мешавад, ки Арабистони Саудӣ яке аз аввалин кишварҳое мебошад, ки истиқлолияти Тоҷикистонро 11 январи 1992 ба расмият шинохт ва  робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ 22 феврали 1992 барқарор гардиданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...