Содироти тарбуз аз Ӯзбекистон бамаротиб аз рекорди солҳои пешин зиёдтар аст

Date:

Ҳаҷми содироти тарбуз аз Ӯзбекистон ба хориҷи кишвар аз рекорди солҳои пешин бамаротиб зиёд шуда истодааст. Аз нимаи моҳи май то охири моҳи июн аз Ӯзбекистон ба кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 63 ҳазор тонна тарбуз фиристода шудааст, хабар медиҳад Podrobno.uz.

Тибқи маълумоти пешакии Кумитаи гумруки ин кишвар, дар давраи аз 16 май то 30 июни соли 2022 Ӯзбекистон ба берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ 63,4 ҳазор тонна тарбуз интиқол додааст, ки 3,1 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Агар ба назар гирифта шавад, ки дар ҳамин давраи солҳои 2018-2020  содироти тарбуз аз Ӯзбекистон ҳамагӣ ҳудуди 3 ҳазор тоннаро ташкил медод, пас ҳаҷми содирот дар якуним моҳ аз оғози мавсими имсола дар муқоиса бо нишондиҳандаи солҳои 2018-2020 беш аз 20 баробар зиёдтар аст.

Дар ҳамин ҳол, ҳудуди 99% аз ҳаҷми умумӣ ба бозори кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) ва наздики 1,5%-аш ба бозорҳои чор кишвар фиристода шудааст: Тоҷикистон – 700 тонна, Муғулистон – 155 тонна, Украина – 42 тонна ва Латвия – 18 тонна.

Бино ба маълумоти иштирокчиёни бозор, ба ҳолати 1 июли соли 2022 вобаста ба навъу сифат ва минтақаи кишвар бидуни назардошти хароҷот ба навъбандӣ ва ба нақлиёт бор кардан, нархи хариди 1 кило тарбуз аз саҳро 500-100 сӯм (0,05-0,1 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...