Reuters: Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати миллиардҳо маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи “Роғун” дастур дод

Бонки аврупоии сармоягузорӣ (БАС) ба нақша гирифтааст, ки сармоягузори бузургтарини неругоҳи барқи обии “Роғун” шавад, хабар медиҳад Reuters бо истинод ба намоянддагони расмии Иттиҳоди Аврупо (ИА). “Иқдоми мазкур ба коҳиши вобастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз энергияи Русия равона гардида, посухи Иттиҳоди Аврупо ба ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”-и Чин мебошад”, – омадааст дар хабар. Намояндаи […]

Бонки аврупоии сармоягузорӣ (БАС) ба нақша гирифтааст, ки сармоягузори бузургтарини неругоҳи барқи обии “Роғун” шавад, хабар медиҳад Reuters бо истинод ба намоянддагони расмии Иттиҳоди Аврупо (ИА).

“Иқдоми мазкур ба коҳиши вобастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз энергияи Русия равона гардида, посухи Иттиҳоди Аврупо ба ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”-и Чин мебошад”, – омадааст дар хабар.

Намояндаи расмии ИА гуфтааст, сабаби асосии нияти ба сармоягузори асосӣ табдил ёфтани Иттиҳоди Аврупо дар он аст, ки ““Тоҷикистон ва ҳамсояҳои ӯ аз вобастагӣ ба энергияи Русия раҳо шаванд”.

Ӯ таъкид доштааст, ки Иттиҳоди Аврупо ба ноил гардидани истиқлоли энергетикии Осиёи Марказӣ аз Русия манфиатдор аст.

“Брюссел ва муттаҳидони ғарбии ӯ ба посухи ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврал кӯшиш карданд, ки Русияро дар инзиво (гӯшанишинӣ, яккаву танҳо мондан) қарор диҳанд”, – зикр мешавад дар хабар.

Намояндаи Бонки аврупоии сармоягузор дар мусоҳиба ба Reuters гуфтааст, Комиссияи Аврупо бо дархости “сармугзори бузуртарин” шудани лоиҳаи Роғун ба бонк муроҷиат намудааст. Аз пешниҳоди маълумот дар бораи ҳаҷми сармоягузорӣ барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” ӯ худдорӣ варзидааст.

Дар маълумот гуфта мешавад, неругоҳи барқи обии “Роғун” бо сарбанди гиливу сангии 335-метра баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд ва ба норасоии доимии барқ дар Тоҷикистон хотима бахшида, инчунин ба содироти он ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон шароит фароҳам меорад.

Қаблан аввали соли равон намояндаи доимии Бонки осиёии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл ба “Азия-Плюс” изҳор дошта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон охири соли гузашта вохӯриро бо мададрасонони байнулмилалӣ созмон дода, дар он масъалаи маблағгузорӣ ба лоиҳаи сохтмони неругоҳи “Роғун” баррасӣ шуд.

Намояндаи доимии БОР зарурати дастгирии молиявии лоиҳа аз ҷониби мададрасонон (донорҳо)-и байнулмилалиро камбуди маблағҳои давлатӣ барои сохтмони минбаъдаи ин иншоот ва инчунин озод намудани маблағҳои буҷетӣ, ки метавон ба дигар эҳтиёҷоти афзалиятнок равона кард, шарҳ дод.

Аммо, изҳор дошт вай, бар асоси пажӯҳишҳои Бонки Ҷаҳонӣ, ҳанӯз ҳам саволҳои зиёде дар мавриди тарҳи Роғун вуҷуд доранд, ки пеш аз маблағгузорӣ ба ин лоиҳа мададрасонон бояд ба онҳо посух бигиранд.

Аз ҷумлаи чунин масоил Шенни Кэмпбелл масъалаҳои харид, таъмини чораҳои муҳофизатӣ ва дарёфти бозори фурӯши нерӯи барқро номбар кард.

Ёдрас мекунем, ки дар ҳоли ҳозир тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” танҳо аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешавад, ки он ба идомаи ҳамаҷонибаи сохтмон кофӣ нест.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, соли 2022 ба сохтмони нерӯгоҳ тақрибан 2,5 млрд сомонӣ (220 млн доллар) равона мешавад. Аз оғози идомаи сохтмон (аз соли 2008) то соли ҷорӣ баҳри иҷрои корҳо дар сохтмони неругоҳи “Роғун” 37,7 млрд сомонӣ харҷ шудааст.

Айни замон ду гидроагрегати неругоҳи “Роғун” кор мекунанд. Дар маҷмӯъ насби 6 агрегат дар толори мошинҳо ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори лоиҳавии ҳар кадоме аз онҳо 600 МВт-ро ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки сохтмони неругоҳ соли 2033 пурра ба анҷом расад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.