Ҷойҳо иваз шуданд: рубл беқурбу доллар гарон мешавад

Қурби рубли Русия пас аз болоравии мунтазам нисбат ба сомонӣ, аз аввали ҳамин моҳ тадриҷан беқурб мешавад. Мувофиқи қурби расмии муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз, 7 июл 1 рубл ба 0.1671 сомонӣ баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 1 июл – он 0.1773 сомонӣ нарх дошт. Дар ҳамин ҳол, қурби доллари амрикоӣ, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қурби рубли Русия пас аз болоравии мунтазам нисбат ба сомонӣ, аз аввали ҳамин моҳ тадриҷан беқурб мешавад.

Мувофиқи қурби расмии муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз, 7 июл 1 рубл ба 0.1671 сомонӣ баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 1 июл – он 0.1773 сомонӣ нарх дошт.

Дар ҳамин ҳол, қурби доллари амрикоӣ, ки аз моҳи апрели соли ҷорӣ нисбат ба сомонӣ то сатҳи ду соли пеш поин рафта буд, ба болоравӣ оғоз намуд.

Тибқи қурби Бонки миллӣ, нархи 1 доллар имрӯз 10,5794 сомониро ташкил дода, як рӯз пеш – 10,4554 сомониро ташкил медод.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад. Бонкҳо аз он барои ивази ба пули нақд истифода намебаранд. Баръакс, БМТ қурби худро, аз ҷумла бар асоси тамоилҳо дар бозори нақдии асъор муқаррар мекунад.

Қобили зикр аст, ки пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбат ба Русия аз ҷониби кишварҳои Ғарб бар асари муноқиша бо Украина, дар бозори асъори Тоҷикистон тағйирёбии босуръати қурбҳо ба мушоҳида мерасад.

Дар аввал сомонӣ нисбат доллар хеле беқурб шуда, нисбати рубл боло рафт. Аммо баъди талаботи раҳбарияти Русия дар мавриди аз 1 апрел пардохти маблағи гази табиӣ бо рубл аз кишварҳои Ғарб, ки ба таҳримҳо ҳамроҳ шуда буданд, вазъият бакуллӣ тағйир ёфт.

Мутахассисони тоҷик зикр мекунанд, ки дар натиҷаи аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ ба Русия вобаста будани Тоҷикистон аз Русия, сомонӣ дарвоқеъ аз рубл вобастагии зиёд дошта, чӣ гуна ҳолате, ки бо рубл ба амал меояд, баъди муддати муайяне ба пули тоҷикӣ низ ҳамин гуна ҳолат таъсир хоҳад расонид.

Дар Русия ҳафтаи гузашта (29 июн) қурби доллар то ҳадди ақал давоми ҳафт сол (50 рубл барои 1 доллар) поин рафта, лекин баъдан вазъ тағйир ёфт ва қурби он нисбати рубл ба болоравӣ оғоз кард.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, аз 1 июл қурби рубл нисбат ба доллар ба андозаи 16,5% – аз 52,5123 рубл барои 1 доллар то 62,9110 рубл поин рафт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.