ВКХ Русия қоидаҳои вуруд барои хориҷиёнро вобаста ба бекор шудани маҳдудиятҳо шарҳ дод

Вазорати корҳои хориҷии Русия қоидаҳои вурудро ба шаҳрвандони хориҷӣ пас аз бекор шудани маҳдудиятҳои марбут ба COVID-19 шарҳ дод, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости. “Ситоди фаврии муқовимат бо сирояти нави коронавируси Русия тасмим гирифт, ки маҳдудиятҳои муваққатии марбут ба эпидемия барои гузаштани сарҳади давлатии Русия бекор карда шавад”, – зикр кардаанд дар ВКХ Русия. Дар […]

Вазорати корҳои хориҷии Русия қоидаҳои вурудро ба шаҳрвандони хориҷӣ пас аз бекор шудани маҳдудиятҳои марбут ба COVID-19 шарҳ дод, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости.

“Ситоди фаврии муқовимат бо сирояти нави коронавируси Русия тасмим гирифт, ки маҳдудиятҳои муваққатии марбут ба эпидемия барои гузаштани сарҳади давлатии Русия бекор карда шавад”, – зикр кардаанд дар ВКХ Русия.

Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз бекор шудани маҳдудиятҳо, мисли пешин ба ҷуз шиноснома ва раводид (дар сурати зарурат), боз ПСР-тест бо натиҷаи манфии сироят аз коронавирус лозим аст.

“Талаботи пешниҳоди асноди тиббии тасдиқкунандаи натиҷаи манфии ташхиси омзишгоҳӣ ба COVID-19 бо методи ПСР барои хориҷиёни ба Русия воридшаванда (ба истиснои шаҳрвандони Беларус, ки бо нақлиёти автомобилӣ меоянд) боқӣ мемонад”, – зикр мешавад дар хабари ВКХ.

Ғайр аз ин, дар ВКХ изҳор доштаанд, ки аз 15 июли соли равон маҳдудиятҳои сафари шаҳрвандони Русия ба берун аз ҳудуди кишвар тариқи гузаргоҳҳои заминӣ низ бекор мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки аз 15 июли соли 2022 ҳамаи маҳдудиятҳои муваққатӣ, ки бо сабаби муқовимат бо коронавирус дар Русия ҷорӣ гардида буданд, бекор карда мешаванд.

Аз ҷумла реҷаи ниқобпӯшӣ, манъи кори шабонаи нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва як қатор маҳдудиятҳои дигар аз ин ҷумлаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.